4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Рӯзи матбуот месазад, ки ба талошҳои ҳамкасбони пешгузашта ва меҳнати имрўзиён арҷ гузорем

810
«Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад».

Садриддин Айнӣ

Ҳар соҳибватан ба фаҳми амиқи масоиле, ки ҳамвора дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, вақте меравад, ки онро дуруст дарк карда тавонад. Барои дуруст равона кардани ҷомеа ба фаҳмиши дурусту ба вуҷудории афкори солими ҷомеа воситаҳои ахбори омма нақши бориз мегузоранд. Дар шароити кунунӣ таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист. Ва бояд гуфт, ки маҳз истиқлолият шароит фароҳам овард, то мо ҷашни касбии рӯзноманигоронро дар рӯзи чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф» таҷлил намоем. Ин ҷашн пос доштани рӯҳи дастандаркорони «Бухорои шариф», арҷ гузоштан ба талошҳои ҳамкасбони пешгузашта ва эҳтироми меҳнати имрӯзиёнро ифода мекунад. Ин ҷашнест, ки аҳли қалам рӯзноманигоронро дар роҳи иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳам меорад. Ин ҷашн танҳо ба рӯзноманигорон марбут нест, балки ба ҳамаи мардум тааллуқ доштаву оммавист. Зеро расонаҳо барои мардум вуҷуд доранду дарди мардумро мегӯянд, мардум дар расонаҳо худ ва рӯзгори худро мебинад.
Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ин факултет заминаи аслӣ ва мактаби омодасозандаи рӯзноманигорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, зимни як суҳбат зикр намуд, ки имрӯзҳо шароит ва имкониятҳо баҳри рушду нумуи дониш ва малакаи рӯзноманигорони ҷавон ба куллӣ муҳайёст. «Дар муқоиса ба замони Шӯравӣ ҳоло рӯзноманигорони ҷавон имкониятҳои бештару хубтар доранд. Зеро он солҳо барои ба нашр расонидани як мақола дар рӯзномаҳои башумор, ки теъдодашон кам буд, рӯзноманигорон як ё ду моҳ интизорӣ мекашиданд, то маҳсули эҷоди онҳо ба нашр расад. Ҳоло чӣ? Ҳоло даҳҳо рӯзномаву маҷаллаҳо интизори рӯзноманигоронанд. Ғайр аз ин ҳар сол тақсимоти хатмкунандаҳо ба рӯзномаву маҷаллаҳо ва дигар ВАО гузаронида мешавад, ки падидаи хубест. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як рӯзноманигори хатмкарда зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, вазорат ва донишгоҳ қарор дорад».
Ба андешаи Саъдӣ Маҳдӣ, донишҷӯи босавод ва эҷодкорро расонаҳо зуд ба кор мегиранд, чун талабот имрӯзҳо ба нафароне, ки донишу малакаи хуби нигорандагӣ доранд, хеле афзудааст. «Донишҷӯёне, ки дониши хуб дошта, малакаи эҷодкорӣ доранд, онҳоро расонаҳои хабарӣ зуд ба кор мегиранд. Барои мисол метавон аз таҷрибаи худи факултет баён дошт, зеро шумораи зиёди донишҷӯёни мо тариқи озмун фаъолият доранд. Дар нашриёт кам нестанд шумораи донишҷӯёне, ки дар баробари таҳсил дар Донишгоҳ фаъолияти рӯзноманигориашонро давом медиҳанд»,- афзуд ӯ.
Бинобар маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар 359 рӯзнома (104 давлатӣ ва 254 ғайридавлатӣ), 232 маҷалла (105 давлатӣ ва 127 ғайридавлатӣ), 300 матбаа (35 давлатӣ ва 265 ғайридавлатӣ), 44 нуқтаи фурӯши китоб (3 давлатӣ ва 41 ғайридавлатӣ), 70 нашриёт (9 давлатӣ ва 61 ғайридавлатӣ), 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 оҷонсии иттилоотии давлатӣ ва 10 ғайридавлатӣ) фаъолият менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво