Фазилат ва аҳкоми Иди Қурбон
1626
Дар истилоҳи мардуми кишвари мо ин идро иди Қурбон гуянд, зеро дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим (а) ва фармудаи Худову Расул(с) бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ намуда, ба камбизоатон қисме аз он гӯштро садақа мекунанд.
Ҳамон тавре, ки иди саъиди фитр ба ифтор ва хӯрдани баъди моҳи Рамазон ё худ додани садақаи фитр мансуб дониста шудааст, дар ин ид ҳам ба ҳамон суннати қадимӣ қурбонӣ нисбат дода шудааст, ки маънояш иди наздик шудан ба Худост. Беҳуда нест, ки дар ҳадисе нисбати ин рӯз чунин омадааст :«Абдуллоҳ ибни Қурт (р) гуяд: «Паёмбар (с) фармуд: «Бузургтарин ва боазаматтарин рӯз назди Аллоҳ рӯзи иди Қурбон аст, пас аз он рӯзи баъдӣ (ёздаҳуми Зулҳиҷҷа)». Қурбонӣ кардан назди аксари мазоҳиби исломӣ суннати муаккада аст ва дар мазҳаби Имом Абуҳанифа (р) «воҷиб» мебошад. Аз ин рӯ, ҳар мусулмоне дорои қудрати молӣ мебошад ва аз қурбонӣ кардан худдорӣ варзад, гунаҳгор маҳсуб мешавад. Дар ҳадисе омадааст, ки дар бораи қурбонӣ аз Паёмбар (с) суол шуд, эшон фармуданд: «Қурбонӣ кардан суннат ва ёдоварӣ аз падари шумо Иброҳим (ъ) аст»: Зайд ибни Арқам (р) гуяд: «Асҳоби Паёмбар (с) аз Ў пурсиданд:- «Эй Расули Худо, қурбонӣ чист?». Паёмбар (с) фармуданд:- «Қурбонӣ суннати падари шумо Иброҳим (ъ) аст». Саҳоба гуфтанд:- «Эй Расули Худо! Моро аз он аҷру савоб чист?». Он Ҳазрат фармуданд:- «Дар муқобили ҳар мӯйи он (моли қурбонӣ) барои шумо савоб аст». Бояд инсон дар ҳоли тавоноӣ ба василаи моли қурбонӣ барои худ ва хонаводааш ва барои фақирон ва ҳамсоягони худ кушоише дар ин рӯз ҳосил намояд. Ба ҳамин хотир суннат аст, ки инсон гӯшти қурбониро се қисм тақсим кунад: Як қисмати онро ба худ ва хонаводаи худ ва як қисмати дигарро ба ҳамсоягон ва наздикони худ ва қисмати сеюмро ба фуқаро ва мискинон бидиҳад. Агар ҳамаи он қурбониро ҷуз андаке аз гӯшти онро барои аҳли худ бимонад ва боқимондаро ба мискинон бидиҳад, беҳтар ва савоби он бештар аст. Худованди мутаъол қурбонӣ карданро муқаррар фармудааст, то мардум рӯзи ид ва баъд аз ид дар кушоиши аъмоли хеш ва зиндагӣ шодӣ дошта бошанд. Ибтидои замони он аз субҳи рӯзи иди Қурбон, баъд аз намози ид, шуруъ мешавад. Қурбонӣ кардан ибодат ва тақарруб ҷустан ба суи Худованд аст. Баъзе аз ибодатҳо маҳдуд ба вақт ва замони муайяне ҳастанд. Қурбонӣ кардан ҳам аз ин навъ мебошад ва вақти он маҳдуд ба баъд аз намози иди Қурбон аст. Агар рӯзи иди Қурбон бештар аз як намози ид баргузор шавад (рӯзи ҷумъа дар назар аст), замони қурбонӣ пеш аз фориғшудани нахустин намози ид аст ва куштани қурбониро ба рӯзи дуюм ва ҳамчунин рӯзи сеюм, ки «айёми ташриқ» номида мешавад, метавон ба таъхир андохт. Забҳи моли қурбонӣ баъд аз намози ид то завол афзал аст ва авлавият дорад. Калимаи "Қурбон" арабӣ буда, маънои қурб ва наздик шудан ба чизе мебошад. «Қурб» хилоф ва нақизи баъид (дур) аст. «Тақарруб» - васила ҷустан ба чизеро гӯянд. Қурбон – он чизе аст, ки ба суи Худоят наздикӣ ҷустӣ ба хотири наздик шудан ба Ў. («Ал-Муҳиту фи-л-луғати», ҷилди 1,саҳ.475). Худованд дар сураи Моида мефармояд: "Бихон барои эшон қиссаи ду писари Одамро, ба ҳақ замоне, ки ҳарду қурбон карданд, пас аз яке қабул гашт... "ва одат чунин буд, ки марде, ки қурбон мекард, ба Худо саҷда менамуд. Пас, оташе аз осмон омада он қурбонро месӯхт ва ин нишонаи қабули қурбонии банда ба даргоҳи Худо буд («Таҳзибу-л-луғат», ҷилди 3, саҳ.217). Дар ҳадисе аз Умму-л-муъминин Ҳазрати Оиша (р) омадааст: «Паёмбар (с) фармуд:- «Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рӯзи иди Қурбон маҳбубтар ба суи Худованд аз рехтани хуни қурбонӣ нест. Моли қурбонишуда оварда мешавад бо шоххояш ва мӯйҳояш ва сумҳояш (рӯзи қиёмат оварда мешавад ва дар тарозуи аъмол гузошта мешавад ва тарозуро сангин мегардонад). Хуни моли қурбонӣ пеш аз он ки ба замин афтад назди Худованд қабул мегардад (вақте шахс қасди забҳ мекунад, пеш аз он, ки хун бар замин резад, Худованд ӯро қабул мекунад), хушҳол гардонед бо ин амал нафсро». Аз Имом Аҳмад ривоятест, ки Паёмбари акрам (с) ба Каъб ибни Уҷра рӯй оварда гуфтааст: «Эй Каъб ибни Уҷра, рӯза сипар аст, садақа хаторо нест мекунад ва намоз қурбон аст (яъне василаи наздик гаштан ба Офаридгор аст). Калимаи Қурбон ба маънои ҳамнишини хоси подшоҳ низ омадааст. Ва гуфта мешавад, ки наздикони подшоҳ вазирон ва ҳамнишинони хоси ӯст («Тоҷу-л-арус», ҷилди 1, саҳ. 846). Дар робита ба қурбонӣ ҳадисҳои зиёде омадааст. Барои намуна чанд ҳадисеро зикр менамоем: Барро ибни Озиб (р) гуяд: «Паёмбар (с) дар рӯзи иди Қурбон хутба хонданд ва чунин гуфтанд: «Аввалин вазифаи мо имрӯз ин аст, ки нахуст намози ид бихонем ва баъд аз он бозгашта қурбонӣ кунем, ҳар кас чунин кунад тибқи равиши мо дуруст амал кардааст ва ҳар кас пеш аз намоз қурбонӣ кард, қурбонии ӯ дуруст намешавад, балки ӯ ба хотири гӯштхурии хонаводаи хеш гусфанде забҳ кардааст». Ҳадис: Абуҳурайра (р) гуяд: «Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳар кас, ки доро бошад ва қурбониро анҷом надода бошад, ба масҷиди мо наздик нашавад!». Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуяд: «Рӯзи иди Қурбон дар намозгоҳ ҳамроҳ бо Паёмбар (с) ҳозир шудам, вақте хутбаро хонданд аз минбар фуру омаданд ва гусфандеро оварданд. Расули акрам (с) бо дасти худ забҳ карданд ва гуфтанд: «Бисмиллоҳи валлоҳу акбар. Ин қурбонӣ аз ҷониби ман ва аз ҷониби шахсоне, аз уммати ман, ки тавонои қурбониро надоранд. Ин ид миёни мардуми араб «Иду-л-азҳо» номида мешавад, ки он маънои «Иди қурбон»-ро дорад. Чорвое, ки дар ин рӯз кушта мешавад узҳия, яъне қурбонӣ гуфта мешавад. «Заҳҳо» ба маънои забҳ ва куштани чорво дар рӯзҳои иди Қурбон мебошад. («Қомуси Фиқҳӣ», ҷилди 1, саҳ 220). Дар дини мубини Ислом рӯзҳои хурсандиовару кӯмак ба якдигар ва зиёрати якдигар хеле зиёд аст, аммо рӯзи иди саиди фитр ва рӯзи иди саиди Азҳо дар байни мусалмонон хеле машҳуру маъруф аст. Дар ин рӯзҳои ид чандин корҳое аст, ки ба сабаби анҷом додани онҳо дар ин рӯзи муборак мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем, ҳамчуноне Пайғамбари гиромии Ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: «Парвардигори шумо барои шумо ду рӯзеро ихтиёр кардааст, ки он аз ҳама рӯзҳо беҳтар аст». Мақсад аз ин ду рӯз, иди саиди Фитр ва иди саиди Азҳо (иди Қурбон) мебошад ва дар дигар гуфтаҳои Пайғамбари гиромии Ислом омадааст, ки ин рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстиву бародарӣ, бахшидани якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кӯмак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон. Ҳамчунон, ки аз ниёгони мо дар маънои ин ҳадис фармудаанд: Ҳарки хандонад ятими хастаро, Дар кушояд ҷаннати дарбастаро. Бояд шукронаи тинҷиву оромӣ, амнияту ваҳдатро ба ҷо биёрем ҳамчуноне, ки дар Қуръони карим омадааст: «…Агар шумо шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам; ва агар носипосӣ кунед, ҳар оина азоби Ман сахт аст» (14.Сураи Иброҳим, ояти 7). Мо бояд шукронаи тамоми неъматҳоро баҷо биёрем, то баракати он неъматҳо зиёд шавад. Бояд мо мусулмонон бидонем, ки иди саиди Азҳо аз замони ҳазрати Иброҳим (ас) сарчашма мегирад. Вақте Ҳазрати Иброҳим (ас) ҷавон буд, дар сарзамини Бобули Ироқ муборизаро бар зидди бутпарастон ва шахсиятпарастон шурӯъ кард. Подшоҳи ҳамон замон Намруд мункири Худо буд ва ба хотири даъват ба сӯи Парвардигор Иброҳимро ба оташ партофт, вале он Офаридагоре, ки Иброҳим ба хотири ризогии ӯ мубориза мебурд, аз ҳоли Иброҳим огоҳӣ дошт ва хитоб ба оташ карда гуфт: «Барои дӯсти ман сарду осоишта бош!». Воқеъан ҳам дар шоҳидии гуруҳи азиме аз мардум оташ барои Иброҳим (а) ба боғу гулистон табдил шуд, ки ҳама ба чашми сар онро мушоҳида менамуданд. Чанде баъд фармони Худованд ба Иброҳим (а) омад, ки ҳиҷрат аз он диёр ва тарки ватану зодгоҳи азизаш кунад. Ҳазрати Иброҳим фармони Худоро ба ҷо овард ба сарзамини Фаластин рафт. Вақто, ки аз ҳамсараш Соро фарзанд нашуд, бо Ҳоҷар издивоҷ кард ва аз ӯ фарзанде бо номи Исмоил ба дунё омад. Фармони Худованд шуд, ки ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоилро ба сарзамини Маккаи Мукаррама, ки дар он вақт ҷуз як ҷазираи бе обу гиёҳ чизи дигаре набуд, сафарбар намояд. Он ҷоро барои ҳамсару фарзанди азизаш ватан ихтиёр намуд. Дар синни 12 солагии фарзандаш Исмоил боз як бори дигар мавриди имтиҳони бузурги Худованд қарор гирифт. Он рӯз 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа, ки рӯзи саиди Азҳост, амр ба қурбонӣ кардани фарзандаш шуд. Иброҳим бо фарзандаш Исмоил машвара намуд ва бақурбонгоҳ рафтанд, то ҷигаргушаашро қурбонӣ бикунад. Дар ин ҳолат тамоми малакҳои осмон нолаву зорӣ ба боргоҳи Худованд менамуданд, то Иброҳим аз имтиҳони Худованд комёб шавад ва дуои онҳо иҷобат шуд. Ҳазрати Ҷибриил (а) бо гӯсфанде (иваз аз Исмоил) бо фармони Худованд бар замин фуруд омад ва Иброҳим ба ҷои фарзандаш онро қурбонӣ намуд. Ба ҳамин хотир аст, ки тамоми мусалмонон дар рӯзи иди Қурбон гӯсфанд қурбонӣ мекунанд. Иди Қурбон рӯзи меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад, бинобар ин онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар шаванд, зеро, ки ин рӯз рӯзи дӯстиву муҳаббату бародарӣ аст. Таълимоти Ислом моро пайваста ба он даъват мекунанд, ки дар ин рӯз кинаву кудрату душманиро аз дил дур сохта, бародаронамонро дар оғӯш бигирем. Имрӯз метавонад ҳамчун рӯзи садоқат ва ваҳдату якпарчагии мо мусулмонон ҷашн гирифта шавад. Ҳар як мусулмони озод, хоҳ зан бошад хоҳ мард, дар сурате, ки сарватманд бошад, рӯзи Иди Қурбон бояд чорвоеро ба унвони қурбонӣ забҳ кунад. Бояд қурбонӣ то намози шоми рӯзи сеюми ид ба ҷо оварда шавад. Чорвоҳои қурбонишаванда метавонад гӯсфанд, буз, шутур ва чорвои калони шохдор бошад. Як чорвои калони шохдор ва як шутурро метавонанд то ҳафт нафар қурбоникунандагон шарик шуда, бо маслиҳат қурбонӣ намоянд. Агар он чорвоҳои номбаршударо бо таври зинда ба камбағалон ва созмонҳои хайрия туҳфа намоянд ба савоби қурбонӣ кардан баробар намешавад, зеро хуни чорворо резонидан шарти асосии қурбонӣ мебошад. Чорвоеро, ки як чашмаш кур, ланг ва ё аксари дандонҳояш рехта, бегӯш, бечашм, бедум, лоғар ва ниҳоят бемадор мебошад, қурбонӣ кардан дуруст нест. Қурбоникунанда сеяки гӯштро барои худаш ва сеяки дигарро барои ҳамсояҳо ва сеяки дигарашро ба камбағалон медиҳад. Ҳамин тавр, ин рафтори қурбоникунанда мустаҳаб мебошад. Агар ҳамаи онро ба камбизоатон тақсим намояд, раво мебошад. Пӯсташро метавонад дар хона истифода барад ва ё ба камбағале диҳад, то онро истифода барад. Наҷмиддин Салимов Сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин,танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҲҶТ
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |