25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…

3248
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами шашуми шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конфронси илмию бадеӣ баргузор шуд. Дар он омӯзгорону хонандагони мактаб дар атрофи зиндагӣ ва эҷодиёти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс Абуабдулло Рудакӣ мубодилаи афкор намуданд. Омӯзгори ин мактаб Латофат Назирова ашъори Рудакиро ба дурре шабоҳат дод, ки бо гузашти ҳазорон сол ҳеҷ гарду ғуборе натавонист ба рӯяш парда кашад. Ҳанӯз ҳам калому забон, афкору ақида ва фалсафааш барои ҳама-чӣ пиру чӣ кудак фаҳмост, зеро шоир бо ҳама хираду заковаташ боз ҳам саъй намудааст бо забони равони тоҷикӣ-форсӣ ҳадафашро ба мухотабони худ бирасонад. Латофат Назирова аз шогирдони худ хост, ки ҳарчӣ бештар ашъори Рӯдакиро мутолиа кунанд то ба ҳангоми сухан гуфтан забонашон равону шево ва фикрашон мӯъҷазу пур аз ҳикмат бошад. Дар шароити феълӣ надонистани забони модарии худ ҳам айб ва гуноҳ аст. Ба ҷуз ин, агар одам забони миллати худро надонад, омӯхтани забони ғайр ба вай хеле душвор мегардад.Ин омӯзгори соҳибтаҷриба нақши эҷодиёти ин шоири оламшумулро дар ташаккули тафаккури кӯдакону наврасон муҳим арзёбӣ карда гуфт, ки мо бояд танҳо ба имрӯз, яъне 22 сентябр — Рӯзи Рӯдакӣ иктифо накунем, балки ҳамарӯза аз панду ҳикматҳои ӯ ёдоварӣ намоем.
Дар поёни конфронс хонандагон бо истифода аз ашъори Абуабдулло Рӯдакӣ саҳначаеро манзури ҳамсолони худ гардониданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво