26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Наврўзатон фирўз бод!

676
Наврӯзатон фирӯз бод!

Раиси Кумитаи
меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамшед Аҳмадзода

Ҳамкасбони мӯҳтарам, сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон, собиқадорони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, дӯстони азиз!
Бо арзи эҳтиром ва камоли хушнудӣ ҳамаи шуморо бо фарорасии Наврӯзи ҳуҷастапай самимона муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, ободии рӯзгор, бахту барор ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Ҷашни фархундаи Наврӯз чун падидаи нодиру бузурги табиат таҷассумгари рамзи рӯшноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ, дӯстиву ҳамдилӣ, иди сафо ва эҳёи табиат аст.
Имрӯзҳо дар фазои софу беғубор ва сулҳпарвари сарзамини кӯҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдкори Ватани маҳбубамон накҳати ин ҷашни зебои аҷдодиамон — Наврӯзи дилафрӯз танинандоз асту аз шарофати он қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахш фаро мегирад. Наврӯз ҳамчун рукни худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, ҳамдигарбахшӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.
Боиси ифтихор ва сарфарозии бузурги ҳар яки мост, ки имрӯзҳо тамоми сокинони кишвари маҳбубамон аз хурд то бузург ҷашни Наврӯзи ҷаҳониро дар шароити сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва бо самимияти хосаву нишоту хушҳолии беандоза истиқбол мегиранд.
Бе шак қадами мубораки Наврӯзи ҳуҷастапай имсол низ ба мардуми соҳибфарҳанги мо, ҷиҳати мунаввар намудани роҳи аҳли ҷомеа ва ободгариву созандагӣ муждаҳои тоза ба бор меорад, моро дар иҷрои корҳои созандагӣ рӯҳу тавони тоза мебахшад ва барои ҳар як сокини ин сарзамини биҳиштосо рӯзи хушу соли накӯ ато менамояд.
Бигзор файзу баракати баҳорон ва Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии ҳар фарди кишварамон рангу таровати тоза ато кунад, дастархони ҳар хонадон пур аз нозу неъмат гардад, ваҳдати байналмилалии мо ҷовидона ва сулҳу субот дар саросари олам пойдор бошад!

Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво