14 апрел 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эмомалӣ Раҳмон: «Сокини пойтахт бояд дорои сатҳи баланди маърифатнокӣ, одобу ахлоқи ҳамида, инчунин намунаи интизому тартиботи ҷамъиятӣ, яъне риояи қонуният бошад»

785
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ зикр намуданд, ки бояд дар ҳар як оила ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон, сарфаю сариштакорӣ, риояи низому тартибот ва волоияти қонун эътибори ҷиддӣ дода шавад. «Хотирнишон менамоям, ки сокини пойтахт бояд дорои сатҳи баланди маърифатнокӣ, одобу ахлоқи ҳамида, инчунин намунаи интизому тартиботи ҷамъиятӣ, яъне риояи қонуният бошад».
Дар суханронии хеш Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки сокинони сарбаланду соҳибмаърифати шаҳри Душанбе ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои ободу зебо ва ба пойтахти дар ҳақиқат пешрафтаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мубаддал гардонидани он саъю талоши боз ҳам бештар карда, исбот менамоянд, ки мардуми мо аз қадим шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин мебошад.
Дар поёни суханронӣ Сарвари давлат бори дигар кулли сокинони пойтахти Ватани маҳбубамон ва ҳамаи ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори корро таманно намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво