20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ваҳдати ҷаҳон дар Наврӯз аст

1264
Ваҳдати ҷаҳон дар Наврӯз аст
-Суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии Наврӯз дар замони муосир дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз зимни баргузории Симпозиуми илмии байналмилалӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар симпозиум дар радифи кормандони масъули дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, инчунин олимону пажӯҳишгарони тоҷик, намояндагон- донишмандону муҳаққиқони 15 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ намуда, нақши Наврӯзи ҷаҳониро дар таҳкими ҳамзистии осоишта, дӯстиву рафоқат, ваҳдат ва дигар арзишҳои бузурги инсонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки симпозиуми илмии байналмилалӣ бахшида ба Наврӯзи ҷаҳонӣ бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории нахустин Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар сатҳи баланд доир гардид.
Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба иштирокдорони симпозиуми байналмилалӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонд ва баргузории симпозиуми байналмилалиро ба ифтихори Наврӯз дар Душанбе қадами муассир дар шинохти ҷойгоҳи Наврӯз дар ҷаҳони муосир арзёбӣ кард.
Ҳадафи асосии ин чорабинии бузурги байналмилалӣ таҳлил ва баррасии масоили марбут ба Наврӯз, аз ҷумла таърих ва фалсафаи Наврӯз, тарғиби суннатҳои фарҳангии ин ҷашни ҷамшедӣ дар кишварҳои Наврӯз, тараннуми Наврӯз дар адабиёти тоҷик ва нақши Наврӯз дар роҳи Абрешим мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст дар симпозиуми байналмилалию илмии муҳаққиқону адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз масоили назарии омӯзиши таъриху фалсафа, суннатҳои ҷомеасозиву инсонсозии Наврӯз дар ҷаҳони имрӯз, таҷассуму бозтоби ғояҳои Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон, мусиқӣ дар ҳавзаи кишварҳои Наврӯз ва шоҳроҳи Бузурги Абрешим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамоиш беш аз 40 суханронию гузоришҳои олимону муҳаққиқон роҷеъ ба арзишҳои таърихию фалсафӣ, иртиботи инсону табиат, бадеию зебоишиносӣ, фарҳангию ҷомеасозии гузаштаю имрӯзи Наврӯз, хусусан ғояҳои сулҳсозию ҳамзистии Наврӯз дар шароити феълии ҷаҳони муосир пешниҳод гардиданд.
Дар симпозиум зикр гардид, ки минбаъд ба таҳқиқи масоили фалсафию эстетикӣ ва мардумӣ, аз ҷумла, мероси фарҳангии мардумӣ ҳамчун омили муҳими густариши неруи ҷомеасозиву тавҳидии Наврӯз авлавият дода шавад. Дар симпозиуми байналмилалии илмӣ Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи таърихӣ ва муассири васлгари фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ дар маърузаю гузоришҳои иштирокдорони ин чорабинии бузург аз лиҳози илмӣ собит гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво