26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мавзеи Лангар-отаи ноҳияи Спитамен ба феҳристи мавзеъҳои сайёҳӣ ворид карда мешавад

670
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 азм дорад, ки бо ҷалби олимону бостоншиносони ҷумҳурӣ якчанд мавзеи дорои таърихи чандинасраи ноҳияро, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд, Куруш ва Тағояк (Лангар-ота) воқеанд, пас аз омӯзиш ва хулосаи мутахассисон ба феҳристи ҷойҳои таърихию сайёҳии ноҳия ворид намояд. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби ҳукумати ноҳия ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дархостӣ низ ирсол гардидааст.

Ин матлаб зимни баргузории нишасти хабарӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода иброз гардид.

Раиси ноҳия иброз дошт, ки яке аз чунин мавзеъҳое, ки давоми чандин даҳсолаҳо зиёратгоҳи ҳам сокинони вилоят ва ҳам берун аз он гардидааст, мавзеи Лангар-ота ба ҳисоб меравад. Ҳоло бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва саховатмандони ноҳия дар ин мавзеъ корҳои тозагиву ободонӣ ва навсозии атрофи он ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон доир ба фаъолияти яке аз коргоҳҳои калонтарини ноҳия- “Спитамен-текстайл” зикр карда шуд, ки коргоҳи мазкур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав ба кор дароварда шуда, ҳоло дар се баст бо фарогирии 150 нафар коргарон фаъолият дорад. Дар назар аст, ки солҳои наздик пас аз бартараф шудани мушкилоти ҷойдошта, коргоҳ бо иқтидори пурра фаъолият намуда, маҳсулоти истеҳсолшавандаи он то ҳадди ниҳоӣ расонида хоҳад шуд.

“Соли сипаришуда дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 303 млн 808 ҳазор сомонӣ расонида шуда, ҳамзамон бо ташкили шаш коргоҳи хурду миёна 80 ҷои нави корӣ ташкил гардид. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 17 иншооти таъйиноташ гуногун ва 14 649 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бунёд гардиданд”, -баён дошт Акрам Сулаймонзода.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво