21 сентябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таъмири 230 км роҳ дар ноҳияи Б.Ғафуров

927
Дар соли сипаригаштаи 2016 дар миқёси ноҳияи калонтарини вилояти Суғд- Бобоҷон Ғафуров дар самти таъмир ва ободонии роҳҳо ҳолати наздик ба 230 км роҳҳои ноҳия беҳ карда шуд.
Тавре раиси ноҳия Зариф Назирӣ 19 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, соли 2016 аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ва ҷалби сармояҳои соҳибкорон ва аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ 227,1 км роҳҳои ноҳия таъмир шуданд.
Аз ҷумла, 16,8 км роҳҳо пурра мумфарш, 156,5 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бо асфалт бароварда шуда, зиёда аз 53,9 км роҳ шағалпӯш карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, баҳри амалишавии корҳои мазкур аз буҷаи маҳаллӣ зиёда аз панҷ миллион сомонӣ ҷудо гардид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво