23 июл 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

11 корхонаи нави саноатӣ фаъол гардид

516
Дар соли 2015 корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 322,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2014 ба маблағи 23,8 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар ин бора Абдусамад Маннонзода, раиси ин ноҳия зимни нишасти хабарӣ 11 январ иттилоъ дод.
Суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 108 %- ро ташкил медиҳад. Дар ин замина, қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли гузашта 104,3% иҷро гардида, он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 6,1 млн. сомонӣ зиёд буда, буҷети маҳаллӣ низ дар ин давра 103,5% ё аз нақша 3,9 млн. сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.
Инчунин дар ин давра дар ин ноҳияи калонтарини вилоят аз ҷониби соҳибкорон 11 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар натиҷаи ташкили ин корхонаҳо 164 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид.
Дар ноҳия дар ин давра аз 94 корхонаи саноатӣ 84 ададаш фаъолият бурда, 28 адад ба ҳаҷми нишондиҳандаи соли 2014 набаромада, 10 адад корхона аз сабаби мавсимӣ будан ва набудани фармоишгар фаъолият накарданд.
Ҳамчунин А.Маннонзода оид ба омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии таъсиси ноҳия дар соли 2016 баён дошт, ки дар ин самт алъон дар ноҳия корҳои ташкиливу омодагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ҷараён гирифта, тибқи он соли равон дар нохия сохтмони чанд иншоот ба нақша гирифта шуда, чорабиниҳои асосии ҷашнӣ бо як шукуҳи хосса таҷлил мешаванд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво