25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баргузории Форуми соҳибкорон ва шарикони рушди ноҳияи Спитамен

940
Дар ноҳияи Спитамен бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ноҳия, консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои байналхалқии хориҷӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони муваффақ Форуми соҳибкорон ва шарикони рушди ноҳияи Спитамен баргузор гардид.

Мақсади Форуми соҳибкорон ва шарикони рушд- ин ҷалби бештари сармоягузорӣ барои рушди ноҳия, татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти кори соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҷараёни форум лоиҳаҳои мухталиф муаррифӣ гардида, барои татбиқ пешниҳод шуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар форум доир ба бунёди коргоҳи истеҳсоли хишт ва истеҳсоли мех дар Ҷамоати деҳоти Куруш, бунёди нуқтаи савдои замонавӣ ва толори тобистонаи намоиши филмҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкат ва бунёди ҳаммоми замонавӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва соҳибкорон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво