Ширкати намояндаҳои тоҷик дар иҷлосияи 78-уми Кумитаи хоҷагии манзилии Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Миллали Муттаҳид

Рӯзҳои 8-10 ноябри соли 2017 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид иҷлосияи вазирони сохтмон ва меъмории кишварҳои аъзои Комиссияи иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Аврупо ва иҷлосияи 78-уми Кумитаи хоҷагии манзилии Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Миллали Муттаҳид баргузор гардид.
Дар конфронси роҳбарони соҳаи сохтмону меъморӣ ва ҷаласаи 78-уми Кумитаи хоҷагии манзилии Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Миллали Муттаҳид намояндагони мақомотҳои дахлдори меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии зиёда аз 220 вакил аз 43 давлат, ҳамчунин шумораи зиёди ташкилотҳои байналмиллалӣ иштирок доштанд.Ширкати намояндаҳои тоҷик дар иҷлосияи 78-уми Кумитаи хоҷагии манзилии Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Миллали Муттаҳид

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ва сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумита Файзуллозода Нусратулло дар ин иҷлосия Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.
Дар рӯзи якум дар иҷлосияи 78-уми Кумитаи хоҷагии манзили Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба омӯзиши бахши манзил, ки аз тарафи мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ солҳои 2010-2011 гузаронида шуда буданд, Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. оид ба тавсияҳо аз натиҷаи омӯзиши бахши манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди маҳаллаҳои аҳолинишин ва масъалаҳои ҷойдоштаи сохтмони манзилҳои дастрас ва дорои ҳузуру ҳаловати мухталиф, талаботи аҳолӣ ба манзил, оид ба пешравӣ ва камудиҳои ҷойдоштаи масъалаҳои дарҷгардида, кӯмаки ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоя дар доираи барномаи сохтмони манзили дастрас, санадҳои соҳавии қабулгардида, ки барои пешравии бахши манзил такон мебахшанд, масъалаҳои бозори манзил, ипотека, арзиши хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин афзоиши ҳаҷми сохтмони манзил ва ҷалби сармоягузорӣ суханронӣ намуд.
Ҳисобот бо тавсияномаҳои мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани бахши хоҷагии манзили кишвар аз натиҷаи омӯзиш омода шуда, бо иштироки намояндагони мақомотҳои дахлдори соҳавӣ 14 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе намоиши он гузаронида шуда буд. Ҳуҷҷати мазкур айни ҳол мавриди омода намудани нақшаи амалигардонии ин тавсияҳо қарор дорад. Аз натиҷаи ин конфронс, нақшаи амалигардонии тавсияномаҳои мутахассисони байналмилалӣ ва маҳаллӣ оид ба беҳтар намудани бахши хоҷагии манзилии кишвар пурра ва мукаммал гардонида шуда, аз рӯи он кор пурзӯр карда мешавад.Ширкати намояндаҳои тоҷик дар иҷлосияи 78-уми Кумитаи хоҷагии манзилии Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Миллали Муттаҳид

Хотиррасон менамоем, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Аврупо доир ба рушди маҳаллаҳои аҳолинишин ва сохтмони манзилҳои дастрас ҳамкории дутарафаро хуб ба роҳ мондааст. Исботи ин ҳамкориҳост, ки намояндагони Комиссияи мазкури Созмони Миллали Муттаҳид якҷоя бо мутахассисони Кумита самтҳои асосии ҳамкориро оид ба беҳсозии бахши манзилии кишварамон муайян намуда, аз рӯи он фаъолият менамоянд.
Мухбири «РБ»

Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: goskomstroy@mail.ru

Обу ҳаво