Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон
7120
Сардори Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ[/b] [/center]
Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ (минбаъд – раёсат) воҳиди сохтории мақоми давлатӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовара, инчунин Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад; Раёсат аз сардор, сардори шуъба, сармутахассис (2 нафар), мутахассиси пешбар (1 нафар), мутахассис (2 нафар) иборат мебошад; Дар ин боб бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинигардида функсияҳои зерин низ пешбинӣ карда мешаванд: -ташкили таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии роҳбари мақоми давлатӣ; - омода намудани маърӯзаҳо, ҳисоботи роҳбари мақоми давлатӣ ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо; - иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор; - тибқи талаботи муқаррарагардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбари мақоми давлатӣ ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо; - тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) солона, нимсола ва семоҳа; - таҳлил ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаи дахлдор; - мусоидат барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа; - омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба мақомоти болоӣ; - назорати риояи интизоми меҳнат дар воҳиди сохторӣ; - пешбурди сиёсати давлат дар амалӣ гардидани фаъолияти сохтмонӣ; - баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва тахассусии мутахассисон дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ. Ташкили бозомӯзии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар. - аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва хизматчиёни мақоми давлатӣ, сохторҳои ситемаи он оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти соҳа мутобиқи тартиби муқрраргардида маълумот дархост намояд; - бо тартиби муқарраргардида кормандонро дар мувофиқа бо роҳбари мақоми давлатӣ барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи воҳидҳои сохтории дастгоҳ вогузошта шудааст, аз ҷумла гузаронидани маниторинг, санҷиш, ҷамъбасти ҳисобот, ҷалб намояд; - бо тартиби муқарраргардида машварату семинарҳо ташкил намояд, инчунин дар машваратҳое, ки роҳбарият ва дигар мақомоти давлатӣ мегузаронанд, иштирок намояд; - раёсат дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад; - дар пешбурди сиёсати Кумита оиди амалӣ гардидани барномаҳои сохтмонии мақсадноки давлатӣ пешниҳоду барномаҳо таҳия намояд; - тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи Кумита заруранд, дархост намояд ва ба даст орад; - тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи сохтмонӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ташкилотҳои илмӣ ва дигар корхонаҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд; - дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои Кумита бе мамоният амалӣ намудани назорати сифат ва ташкили кор дар иншоотҳо; - дар гузаронидани тендеру озмунҳои сохтмонӣ ва дигар чорабиниҳои Кумита иштирок намояд; - дар вақтҳои муайяншуда ва зарурӣ оиди фаъолияти раёсату шуъбаҳо ва ташкилоту корхонаҳои системаи Кумита ва дигар корхонаҳои соҳаи сохтмонӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ гузоришу пешниҳодҳо ва натиҷагирӣ намояд;
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |