16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

10-уми декабр-Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар

1622
Ҳамасола дар саросари олам 10-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 10-уми декабри соли 1948 дар Созмони Миллали Муттаҳид бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳо -«Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар» қабул гардид.
Бояд зикр кард, ки санади муҳими ҳуқуқӣ аз 30 модда иборат буда, дар он ҳуқуқҳое сабт шудаанд, ки зиндагию фаъолияти шоиста ва шарафмандонаи ҳар як инсонро дар бар мегиранд.
Дар он ҳамчун раҳнамои ҳуқуқи башар ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба таҳсил, мерос, интихоби манзил, афкору эътиқод ва ҳифзи сиҳатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин монанд дарҷ гардидааст.
Тибқи моддаи 10 - уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади муҳими байналмиллалӣ ҷузъи таркибии қонунгузории кишвари мо- Тоҷикистон ба шумор меравад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво