27 май 2018, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

«Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон!»

196
Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» таҳти унвони «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 нишонаи он аст, ки ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҷавонон чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазои худро гузоранд.

Дар ҳамоиш Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Душанбе бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе якдилона қабул ва қироат карда шуд.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво