17 июн 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ф А Р М О И Ш аз 27 майи соли 2019 №47/ф ш. Душанбе

33

Дар бораи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ
дар соҳаи сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи бандҳои 6, 9 ва 12 Қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017, №324 тасдиқ шудааст ва бандҳои 8 ва 14 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳайати замимагардида таъсис дода шавад (замимаи 1).
2. Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3. Фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 сентябри соли 2017, №82/ф «Дар бораи Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.



Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода



Замимаи 1
ба фармоиши Раиси Кумитаи
меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 майи соли 2019, №47/ф


ҲАЙАТИ
Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ дар соҳаи сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мирзозода
Низом Юсуфӣ - муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ);
2. Ниёззода
Азизбек - сардори Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ);
3. Азизова Фарида Қурбоновна - мутахассиси пешбари Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби масъули Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ).
Аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ оид ба нархгузорӣ:
4.

Ақсақолов Ҳукуматшо - сардори шуъбаи нигоҳдорӣ, банақшагирӣ ва баҳодиҳии Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Бобоев Сӯҳроб Сангинович - мутахассиси пешбари Раёсати мониторинги сохтмони иншооти обӣ ва энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Боев Шарифҷон Шоҳинович - муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Буриев Садриддин - сардори Раёсати қабули корҳои анҷомёфтаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун»;
8. Гулов Фарух - мутахассиси пешбари Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Ғиёсов Баҳодур Азимҷонович - сармутахассиси Раёсати саноати масолеҳи сохтмонии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Ишанқулов Алишер - сардори шуъбаи харҷномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП»;
11. Каримзода Абдураҳмон Раҳим - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. Каримов Ғафор - сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ ва корҳои таъмирӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. Мамуров Умарҷон Маҳмудович - сардори шӯъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои соҳаҳои сохтмон, ободонӣ ва инфрасохтори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Маҳсиддинов Раҷабалӣ - мутахассиси Раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15. Ниёзов Маҳмадӣ Ниёзович - сармутахассиси Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16. Нурзода Раҳмоналӣ - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;
17. Одиназода Амирҷон - сармутахассиси Раёсати корҳои сохтмон, таъмир ва хизматрасониҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
18. Раҳматҷонов Ғуломҷон - муаллими калони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ;
19. Раҷабов Абубакр - сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
20. Саидов Асламҷон Сафаралиевич - сарнозири шуъбаи корҳои сохтмонию таъмирӣ ва рушди инфраструктураи гумрукии Раёсати молиявию хоҷагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
21. Саидов Файз Тоҷидинович - сармутахассиси шуъбаи нархгузории амволи шахсони ҳуқуқии Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
22. Сафаров Шарифхон - сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;
23. Тоҷиев Ҳасан Зикирович - сардори шуъбаи техникии Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёт;
24. Умаров Улуғбек Хуҷақулович - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
25. Холов
Дустмурод - сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
26. Хушвахтов Ҷоншо Раҳматшоевич - сардори шуъбаи харҷномавии Корхонаи воҳиди давлатии «Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипроводхоз»;
27. Хушов Фарухҷон Шоҳмаҳмадович - муҳандиси дараҷаи 1-и шуъбаи истеҳсолии Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
28. Ҷумъаев Эргаш - намояндаи Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон;
29. Шарипов Ҳоким Шерафганович - муҳандиси дараҷаи I-уми шӯъбаи комплексии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.




















Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво