7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 27 майи соли 2019 №48/ф ш. Душанбе

967

Дар бораи таъсиси Шӯрои илмию техникии Кумитаи меъморӣ
ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи бандҳои 8 ва 14 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Шӯрои илмию техникии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳайати замимагардида таъсис дода шавад (замимаи 1).
2. Низомномаи Шӯрои илмию техникии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3. Фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2017, №12/ф «Дар бораи таъсиси Шӯрои илмию техникии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.



Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода




Замимаи 1
ба фармоиши Раиси Кумитаи
меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 майи соли 2019, №48/ф.

ҲАЙАТИ
Шӯрои илмию техникии Кумитаи меъморӣ ва
сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мирзозода
Низом Юсуфӣ - муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Шӯрои илмию техникӣ);
2. Ниёззода
Азизбек - сардори Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини раиси Шӯрои илмию техникӣ);
3. Шодиев
Хисрав
Юсуфович - сармутахассиси Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби масъули Шӯрои илмию техникӣ).
Аъзоёни Шӯрои илмию техникӣ:
4. Аминзода
Пӯлод - директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Валӣ Комилҷон
Қобил - сармутахассиси шуъбаи меъёрии талаботҳои бехатарии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6. Жуков Михаил Игоревич - муовини сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Энергосервис»;
7. Иргашев
Бахтиёр Ҷурабоевич - сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Исматов Шамсиддин - директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Селтехпроект»;
9. Исмоилзода Лутфулло Сулаймонӣ - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти
нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Ишанов
Бахтиёр Мамадхонович - директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Каримзода Абдураҳмон Раҳим - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. Мализода
Баҳром Ҳикмон - директори ҶСК «Саноатсоз»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. Мухторов Сайдалӣ Амонович - мутахассиси пешбари шӯъбаи ташхиси лоиҳаҳо оид ба шабакаҳои муҳандисии Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар»-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;
14. Муҳаммадҷонов Искандар Додоҷонович - муовини сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15. Назаров Абдураҳим Саидович - сардори Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16. Насруллоев Ҳикмат - мудири шуъбаи меъморӣ - сохтмонии №2 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП»;
17. Раҳимов Садриддин - сардори шуъбаи гидротехникаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
18. Саломов Муродбек Мухторович - сармуҳандиси Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19. Сафарзода Абубакр
Аваз - директори Муассисаи давлатии «Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
20. Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ - сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
21. Умаров
Улуғбек Хуҷақулович - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии «Сохтмон ва меъморӣ»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
22. Хокиев Маҳмадкарим Каримович - директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП»;
23. Худойдодов
Назар Худойнурович - директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
24. Шарифзода Дилшод
Шарифӣ - директори Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
25. Эшонҷонов Абдулфайз - роҳбари гурӯҳи шуъбаи илмӣ-техникии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Пажӯҳишгоҳи илми тадқиқоти ва лоиҳакаши «Нурофар».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво