12 ноябр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз 30 декабри соли 2016 № 97/ф ш. Душанбе Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ оид ба танзими низоми нархгузорӣ

1348
Ф А Р М О И Ш

аз 30 декабри соли 2016 № 97/ф ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ
оид ба танзими низоми нархгузорӣ

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 4 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

ф а р м о и ш м е д и ҳ а м:

1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин тасдиқ карда шаванд:
а) Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 81-01-2007) Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон (МУХ ҶТ-2007) «Тағйиру иловаҳо ба Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба корҳои сохтмон. Нашри №1»;
б) Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маҷмӯаи меъёр ва нархномаҳои харҷномавӣ барои истифодабарии мошин ва механизмҳои сохтмонӣ».
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. «Маҷмӯаи меъёр ва нархномаҳои харҷномавӣ барои истифодабарии мошин ва механизмҳои сохтмонӣ (МҚС 4.03-91)», ки бо қарори Кумита оид ба корҳои меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1999, №1 мавриди амал қарор дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.

Раис Ҷамшед Аҳмадзода

Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи №895 аз 26 июли соли 2017 ба қайд гирифта шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво