Дар бораи тасдиқ намудани меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ
оид ба танзими низоми нархгузорӣ
Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 4 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,
ф а р м о и ш м е д и ҳ а м :
1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин тасдиқ карда шаванд:
а) Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 81-03-2011 «Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ ба васлкунии таҷҳизот (МУХв ҶТ-2011) »:
- Маҷмӯаи № 9 «Оташдонҳои барқӣ»;
- Маҷмӯаи №14 «Таҷҳизотҳои истеҳсоли филизот»;
- Маҷмӯаи №16 «Таҷҳизоти корхонаҳои филизоти сиёҳ»;
- Маҷмӯаи №17 «Таҷҳизоти корхонаҳои филизоти ранга»;
- Маҷмӯаи №33 «Таҷҳизоти корхонаҳои саноати сабук».
б) Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 81-03-2009) «Нархҳои воҳиди ҷумҳуриявӣ ба васлкунии таҷҳизот (НВв ҶТ-2009) »:
- Маҷмӯаи № 9 «Оташдонҳои барқӣ»;
- Маҷмӯаи №14 «Таҷҳизотҳои истеҳсоли филизот»;
- Маҷмӯаи №16 «Таҷҳизоти корхонаҳои филизоти сиёҳ»;
- Маҷмӯаи №17 «Таҷҳизоти корхонаҳои филизоти ранга»;
- Маҷмӯаи №33 «Таҷҳизоти корхонаҳои саноати сабук».
в) Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 81-01-2010) «Нархҳои воҳиди ҷумҳуриявӣ барои корҳои сохтмон (НВ ҶТ-2009)» Маҷмӯаи №1 «Корҳои заминӣ» (бо илова ва тағйиротҳо);
г) Ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи системаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҲРС ҶТ 81-225-2015) «Нишондодҳо оид ба истифодаи меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои корҳои таъмирӣ (МУХт ҶТ-2005)»;
д) Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МҚШ ҶТ 81-02-2005) «Меъёрҳои унсурии харҷномавӣ барои корҳои таъмирӣ (МУХт ҶТ-2005)» Маҷмӯаҳои №01-21.
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Меъёру қоидаҳои зерин аз эътибор соқит дониста шаванд:
а) Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон МҚС ҶТ 81-01-2009 «Нархҳои вохиди ҷумҳуриявӣ барои корҳои сохтмон (НВ ҶТ-2009)» Маҷмӯаи №1 «Корҳои заминӣ», ки бо фармоиши Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011, №52/ф тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2012, №635 ба қайд гирифта шудааст;
б) «Меъёрҳои харҷномавии захиравӣ барои корҳои таъмирӣ-сохтмонӣ» Маҷмӯаҳои №№1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 11, 12, 13, 14, ки бо Қарори Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2005, №9 тасдиқ карда шудаанд;
в) «Меъёрҳои харҷномавии захиравӣ барои корҳои таъмирӣ-сохтмонӣ» Маҷмӯаҳои №№15, 16, 17, 18, 19, 21, ки бо Қарори Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2005, №26 тасдиқ карда шудаанд;
г) «Меъёрҳои харҷномавии захиравӣ барои корҳои таъмирӣ-сохтмонӣ» Маҷмӯаи №10, илова ба маҷмӯаи №15, илова ба маҷмӯаи №18, ки бо Қарори Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2005, №38 тасдиқ карда шудаанд;
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.Ю. гузошта шавад.
Раис Ҷ.Аҳмадзода
09-ok.doc [59,5 Kb] (cкачиваний: 43)14-ok.doc [65,5 Kb] (cкачиваний: 23)16-ok.docx [31,62 Kb] (cкачиваний: 16)17-ok.doc [29,89 Kb] (cкачиваний: 13)33-ok.docx [30,89 Kb] (cкачиваний: 16)ChT01-21-ok.doc [86 Kb] (cкачиваний: 17)ChT-2009-1-bo-ilova-va-tagyirot-islohot-darovardashuda-tayer.doc [82 Kb] (cкачиваний: 18)ChT-2009-09-ok.docx [34,21 Kb] (cкачиваний: 18)ChT-2009-14-ok.docx [35,88 Kb] (cкачиваний: 16)ChT-2009-16-ok.docx [36,45 Kb] (cкачиваний: 18)ChT-2009-17-ok.docx [36,54 Kb] (cкачиваний: 13)ChT-2009-33-ok.docx [29,35 Kb] (cкачиваний: 15)oidi-MUHt-ChT-2005-ok.doc [74 Kb] (cкачиваний: 24)