26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Россия дар Тоҷикистон 20 мактаб месозад

955
Россия дар Тоҷикистон 20 мактаб бунёд мекунад, ки таълимашон бо забони русӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Дар ин бора пас аз анҷоми музокироти сарони ҳарду давлат муовини аввали Сарвазири Русия Игор Шувалов ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Мо лоиҳаҳои марбут ба бунёди мактабҳоро муҳокима намудем, ки таълимашон ба забони русӣ роҳандозӣ мешавад. Президент ба ҳукумат супориш дод, ки масъаларо омӯхта, аз ҷумла хароҷоти тахминии онро ба буҷети соли оянда дохил намояд, то сохтмони чунин мактабҳоро дар Тоҷикистон оғоз намояд», — гуфт Шувалов.
«Дар ҳоли ҳозир чунин аст: ин бояд сармояи давлати Россия бошад, соҳибияташ ба Тоҷикистон вогузор шавад. Вале, инфрасохтор аз ҳисоби сармояҳои буҷетии Федератсияи Россия сохта мешавад», — зикр намуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми сармоя ҳоло муайян нашудааст ва дар нақша аст, ки 20 мактаб сохта шавад.
Қаблан Президенти Россия Владимир Путин омодагӣ барои баррасии пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи маорифро таъкид намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар макотиби олии Россия 21 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки таҳсили 10 ҳазори онҳо буҷавӣ аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво