Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
1191
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба вазъи минтақа ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш баррасӣ шуд. Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Сочи хайра мақдам гуфта, ба савия ва муҳтавои робитаҳои ду кишвар, ки ба муносибатҳои стратегӣ ва муттафиқӣ асос ёфтаанд, баҳои баланд дод. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо Владимир Путин изҳор дошт: «Мо ба сатҳи муносиботи байнидавлатӣ бо Русия баҳои баланд медиҳем ва аз тамоми имконот истифода мебарем, ки шарикии стратегӣ ва муттафиқии мо бемайлон рушд намуда, бо такя ба таҷрибаи ҳамгироии андӯхтаамон таҳким ёбад». Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид дошт, ки «авзои зуд тағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад». Дар робита ба ин ҳолат, доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ва роҳҳои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои саҳл намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия табодули назар карда шуд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |