26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон ҷашни Наврӯзро таҷлил карданд

239
Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва марказҳои фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон ҷашни Наврӯзро таҷлил кардандИмрӯз, 28 март дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Қазоқистон ва марказҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон иди байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ҶТ дар ҶҚ хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, корпуси дипломатӣ, сафирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, муовини котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ- Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода ва ҷамъияти тоҷикони муқими Қазоқистон ширкат варзиданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ҳамоиши идонаро ифтитоҳ бахшида, оид ба аҳамияти хоссаи Наврӯз дар таърихи фарҳангии халқи тоҷик, инчунин хислати тамаддунсози ин ҷашни байналмилалӣ барои халқҳои минтақа ва ҷаҳон сухан ронд.

Зимни ин Сафир нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пайгиронаи Ҳукумати кишварро ҷиҳати эҳё ва ҳифзи анъанаҳои миллии тоҷик, аз ҷумла ҷашни Наврӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он таъкид сохт.

Дар доираи ҷашнвора барномаҳои гуногуни ҳунарию варзишӣ, намоиши рақсҳои миллӣ ва шеърхониҳои наврӯзӣ доир гардиданд.

Гӯшаи фарҳангӣ иборат аз маводи таҷассумгари фарҳанг ва таърихи миллӣ, маводи зиёди таблиғотӣ оид ба диёри афсонавӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ва намунаҳое аз ҳунарҳои дастии мардумӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуда, барои меҳмонон ва ҳаводорони фарҳангу расму оини миллиамон суфраи наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллӣ пешниҳод гардид.



АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶҚ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво