26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҶАҲОН АЗ БОДИ НАВРӮЗӢ ҶАВОН ШУД…». Дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид

196
«ҶАҲОН АЗ БОДИ НАВРӮЗӢ ҶАВОН ШУД…». Дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид18 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни фархундаи Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз- эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва тарғибгари ҳунарҳои мардумӣ” ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиши бошукӯҳ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода баён дошт, ки “Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мо, тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонаи хеш- дӯстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро гирди ҳам меорад. Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳофар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғгари дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Маҳз ба ҳамин хотир Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ ҳангоми ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид намудани ҷашни Наврӯз қатъномаро таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» қабул намуд”.

Зикр шуд, ки дар фарҳанги мардуми мо ин ҷашни фархунда мақоми хосса дошта, баъди соҳибистиқлол гаштани Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гардид ва ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфта, дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Наврӯз бо хусусияти инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, имрӯзҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон истиқбол гирифта мешавад.

Наврӯз воқеан идест, ки табиату инсонро ҷавону зебо мегардонад. Тавре Низомии Ганҷавӣ мегӯяд:

Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,
Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.

Таъкид гардид, ки фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайвандгари инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки заҳмати аҳлонаи кормандони Китобхона ҷиҳати сарсабз гардонидани атрофи муассиса ва шинонидани гулҳои тару тозаи баҳорӣ намунаи ин гуфтаҳост.

Дар ҳамоиш мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшамбезода, масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Иттифоқҳои касабаи мустақил иштирок намуданд.

Ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ як зумра кормандони фаъоли Китобхона бо нишони Аълочии матбуот, фарҳанг ва сипосномаю ифтихорномаи Китобхонаи миллӣ, Вазорати фарҳанг, Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон ва Иттифоқҳои касабаи мустақил сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи театрикунонидаи аҳли фарҳангу ҳунар, ки таҷассумгари анъанаҳои наврӯзи бостонӣ буд, хотири иштирокчиёну меҳмононро шод намуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво