24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Ҳисор иқдоми «Суманак-пайки Наврӯз» доир шуд

259
Дар шаҳри Ҳисор иқдоми «Суманак-пайки Наврӯз» доир шудДар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳудуди шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Суманак- пайки Наврӯз» иқдоми идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Суманак ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад, ки ифодагари намоду нишони ҳаёт ва маданияти рӯзгордории тоҷикон мебошад. Аз ин хотир тибқи анъана ва суннатҳои наврӯзӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сабзаи суманак ҳамчун пайки накӯи Наврӯз парварда, ба ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва идораю муассисаҳои ҳудуди шаҳр тақдим карда шуд.

Мояи ифтихормандӣ ва сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки имрӯзҳо тамоми мамолики дунё, аз ҷумла кишварҳои таҷлилкунандаи ҳавзаи Наврӯз ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалиро ҳамчун рамзи накӯӣ, оғози кишту кор таҷлил менамоянд. Иқдоми мазкур бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ гирифтааст.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам тозаю озода намудани манзилу маҳал, дасти ёрӣ дароз намудан ба табақаи ниёзманди аҳолӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбону бечорагон, ятимону бепарастдорон, тақдими гулҳои аввалини баҳорӣ ва сабзаи навруста аз русуми хос ва фарҳанги қадимии мардуми тоҷик башорат медиҳад.



АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво