27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар шакли видеоконфренсия имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаи саноат баррасӣ намуданд

168
Ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар шакли видеоконфренсия имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаи саноат баррасӣ намуданд17 март Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои ду кишвар вебинар дар мавзӯи «Имкониятҳои ҳамкории ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар соҳаи саноат ва бахшҳои он» бо иштироки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилотҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ва ҷалби беш аз 40 ширкати туркии соҳаи саноат, баргузор намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад.

Дар ҷаласа муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Билолзода, муовини Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Четин Алӣ Донмез, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл, раиси Палатаи савдои шаҳри Кония Селчук Озтурк, раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия назди Шурои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Ҷаҳонгир Саатчиоглу суханронӣ намуданд.

«Ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳо ва муҳимияти рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, аз ҷумла зарурияти сафарбар намудани ҳайати тиҷоратии туркӣ ба мамлакат ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар заминаи иқтидори воқеии иқтисодиёт ва шароитҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд»,- таъкид намуданд дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия.

Ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар шакли видеоконфренсия имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаи саноат баррасӣ намуданд


Дар вохӯрии мазкур инчунин коршиносону намояндагони Идораи рушд ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Туркия (KOSGEB), Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) ширкат варзида, аз ҷониби масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба фазо ва имкониятҳои сармоягузорию соҳибкории кишвар, аз ҷумла дар МОИ (минтақаҳои озоди иқтисодӣ) ва шарҳи мухтавои Кодекси нави андоз ва имтиёзу сабукиҳои он барои сармоягузорону соҳибкорон навор ва рӯнамоҳои ҷолиб манзур намуданд.

Ширкатҳои тоҷикию туркӣ дар шакли видеоконфренсия имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаи саноат баррасӣ намуданд


Лозим ба ёдоварист, ки чорабинии мазкур дар доираи ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҷиҳати дар ояндаи наздик баргузор намудани силсила вохӯриҳои маҷозӣ байни субъектони бахши хусусии соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистону Туркия, алалхусус саноат ташкил ва баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 21 январи соли 2022 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

«Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад», — такъкид карданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.



АКСҲО: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво