23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Беш аз 100 ширкату корхонаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми сайёҳӣ дар Истанбул иштирок намуданд

209
Беш аз 100 ширкату корхонаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми сайёҳӣ дар Истанбул иштирок намудандБеш аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми сайёҳии Тоҷикистону Туркия, ки 3 март дар меҳмонхонаи «CVK Park Bosphorus»-и Истанбул доир гардид, иштирок намуданд. Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафаш тақвияти ҳамкории ду кишвар дар бахши сайёҳӣ мебошад.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар қисмати расмии форум муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Надир Алпаслан, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл сухан намуда, баргузории форуми сайёҳиро қадами муассир дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар бахши сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.

Дар Форуми сайёҳӣ коршиносону масъулини соҳаи туризми Тоҷикистон ва Туркия бо пешниҳоди рӯнамо ва наворҳои ҷолиб вобаста ба табиати нодир ва дигар имконияти сайёҳии ҳарду давлат ибрози назар намуданд.


Дар ҳошияи Форуми сайёҳӣ 12 ширкати тоҷикию туркӣ «Намоишгоҳи мавод ва маҳсулоти ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия»-ро ташкил намуданд.

Инчунин дар доираи Форуми сайёҳӣ вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия дар сиғаи «B2B» ва бо мақомоти марбутаи ҷонибҳо дар сиғаи «B2G» ташкил гардида, ширкатҳо имкон пайдо намуданд, ки санадҳои ҳамкорӣ ба имзо раcонанд.

Дар анҷоми Форуми сайёҳӣ ба иштирокчиён зиёфат бо пахши наворҳои муаррифи табиату фарҳанг ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия ташкил карда шуд.

Беш аз 100 ширкату корхонаҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия дар Форуми сайёҳӣ дар Истанбул иштирок намуданд


АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво