27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СУҲБАТИ СУДМАНД ДАР ҶОДАИ САОДАТ. Дар шаҳри Бӯстон доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои гуногун мулоқот доир шуд

70
СУҲБАТИ СУДМАНД ДАР ҶОДАИ САОДАТ. Дар шаҳри Бӯстон доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои гуногун мулоқот доир шудБо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода ва ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр, инчунин кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, афсарон, донишҷӯён ва фаъолони шаҳри Бӯстон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки «дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд»

Раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавриди муҳимтарин матлабҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, афзуд, ки «Паёми Пешвои миллат бо натиҷагирии корҳои иҷрошуда ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллию давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз оғоз то ба анҷом саршори ҳидоят ба ваҳдат, ҳамдиливу ободкорӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти фарҳанги миллати куҳанбунёд барои ояндагон мебошад».

Маликшо Неъматзода ба ҷавонон рӯ оварда, оид ба хештаншиносиву меҳанпарастӣ, хизмати содиқона ба Ватан, китобхониву ташаббускориҳо дар айёми ҷавонӣ андешаҳои ҷолиб ва муфид баён дошт. Мавсуф дар ниҳоди ҷавонон бедор кардани муҳаббат ба диёру замини падарӣ, Ватан ва хоку буми кишварро аз вазифаҳои муҳими мактабу донишгоҳ арзёбӣ намуд.

Зимни ҳамоиш зикр шуд, ки масъалаи рушди минбаъдаи саноат дар кишвар, ки яке аз ҳадафҳои стратегӣ мебошад, аз ҷавонон ташаббускорӣ, кордонӣ, ибтикороту ғайрату кӯшиши самимиро тақозо менамояд. Дар роҳи расидан ба ин мақсадҳои олӣ мавқеи устувор, дониши баланд, эҷодкориву ташаббускории аъзои иттифоқҳои касаба нақши бориз дорад. Аз ин рӯ имрӯз ҳамкории доимии ташкилоти иттифоқҳои касаба бо муассисаву ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ муҳим мебошад.

Дар хатми ҳамоиш ба фаъолон сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд супорида шуданд.

СУҲБАТИ СУДМАНД ДАР ҶОДАИ САОДАТ. Дар шаҳри Бӯстон доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаҳои гуногун мулоқот доир шуд


АКСҲО: Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво