26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе хатсайри нави автобусӣ ба фаъолият оғоз менамояд

185
Шурӯъ аз 24 январ дар пойтахт фаъолияти хатсайри микроавтобусии №55А (кӯчаи Фучик 60/1-Терминали дарвозаи ҷанубӣ) қатъ карда шуда, фаъолияти хатсайри автобусии №55 «Терминали дарвозаи ҷанубӣ—боғи Локомотив» бо кӯчаҳои Ҷанубӣ, Н. Қарабоев, А. Ҷомӣ, Соҳилӣ, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов ба роҳ монда мешавад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар ин масир бо зиёд намудани шумораи автобусҳо таъмини мунтазами ҳаракат роҳандозӣ мегардад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи «АКИА ОРИЁ-LE8» истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистон ва Туркия моҳи январи соли 2018 ба фаъолият оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи «Акиа» истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.

Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ бо номгузории тоҷикӣ — «Акиа Ориё» оғоз намуд.

Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст. Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кӯтоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.

Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати «Мерседес Бенс» ва ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» мебошанд. Инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ ворид карда мешаванд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво