26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе автобусҳои дуошёна ба хизматрасонии мусофирон оғоз намуданд

323
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шурӯъ аз 2 октябри соли равон дар хатсайри №8-и пойтахт, ки теъдоди мусофирон дар масири мазкур бештар мебошанд, автобусҳои дуошёна ба фаъолият оғоз намуданд. Пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусҳои мазкур низ тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст. Хатсайри мазкур аз Дарвозаи ғарбӣ оғоз гардида, тавассути кӯчаву хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ, С.Айнӣ, А.Дониш, Мастонгулов то Фурӯдгоҳи куҳна идома меёбад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ба хизматрасонии мусофирон шурӯъ намудани автобусҳои дуошёна ҳам, ки дар Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «AKIA AVESTO» истеҳсол мешаванд, аз ҷумлаи ин тадбирҳост. Дар оянда дар дигар хатсайрҳои пойтахт ҳам ба фаъолият оғоз намудани автобусҳои дуошёна дар назар дошта шудааст»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки ду-се соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.

Тавре мутахассисон иброз доштанд, автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд. Муҳаррики он истеҳсоли ширкати «Мерседес Бенс» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад. Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво