26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе хатсайри троллейбусии №12 барқарор гардид

239
Шурӯъ аз имрӯз, 26 август баъд аз ба истифода додани роҳи сесатҳа (эстакада) дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино хатсайри троллейбусии №12 (Маркази савдои “Тоҷикистон (ЦУМ)-маҳаллаи Гулбутта) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қарабоеви шаҳр ба роҳ монда мешавад.Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии троллейбусҳо истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ роҳандозӣ мешавад»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 апрели соли 2018 то инҷониб бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирию навсозӣ дар хиёбони С. Шерозии шаҳри Душанбе ва сохтмони роҳҳи сесатҳа дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино фаъолияти троллейбусҳо дар хатсайри №12 муваққатан қатъ гардида буданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво