28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Cохтмони боз як чорсӯи нақлиётии сесатҳа дар Душанбе

757
Аз 26 феврали соли 2018 дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино, дар буриши хиёбону кӯчаҳои И.Сомонӣ, А.Сино, Н.Махсум, Баҳоваддинов ва Маяковскийи ноҳияи Сино (сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н.Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов) бо назардошти шурӯъ гардидани корҳои сохтмони чорсӯи нақлиётии сесатҳа ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан манъ карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расида, тибқи он МДК «Душанбенақлиётхизматрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҳаракат ва танзими оқилонаи нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётро дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат ба роҳ монанд.

Ҳамчунин аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шуд, ки якҷо бо Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо ва шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин намуда, баҳри танзими ҳаракати мунтазами онҳо роҳҳои ҳамшафати хиёбону кӯчаҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ба низоми муайян дароранд.

Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати сари вақт кӯчонидани хатҳои мавҷудаи муҳандисии зери иншооти зикршуда ба фармоишгар — Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво