26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Беш аз 138 ҳазор нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои Суғд боздид намудаанд

337
Соли 2021 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 138,2 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Соли 2021 дар вилоят ҳамзамон ду ширкати сайёҳӣ таъсис ёфта, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 6873 ҷой, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ, 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мебаранд.

АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво