8 декабр 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Меҳргон ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид

24
Тавре қаблан хабар додем, дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт иди Меҳргон бо шаҳомати хосса таҷлил шуд. Дар ин идгоҳ гӯшаи сайёҳии мамлакат ташкил гардида, ин ҷашни қадимӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид.

Тибқи ҳадафҳои стратегӣ, дар ибтидо бренди сайёҳии кишвар тавассути амалигардонии чорабиниҳо муайян шуда, бо ворид шудани маълумоти нави иловагӣ аз сайёҳони воқеӣ ва эҳтимолӣ ба он тағйирот дохил карда шуда, ба муаррифӣ намудани мамлакат мусоидат менамояд.

Меҳргон — ҷашни ом, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод аст. Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ мебошад.

Таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои Сада, Меҳргон, идҳои харбуза ва асал, ангур ва себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотири онҳо боқӣ мемонад ва ин ба рушди сайёҳии кишоварзӣ (агротуризм) мусоидат менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки агротуризм дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳанӯз шакли нав ва муосири сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин имрӯз дар ҷумҳурии мо низ таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ дар арафаи идҳои миллии мардумӣ таблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии деҳот ва ташкили хатсайрҳо ба роҳ монда шудааст.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво