29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

МЕҲРГОН — ҶАШНИ ТИРАМОҲИИ СОЛ. Пагоҳ дар Душанбе иди ҳосилот ва кишоварзон таҷлил мегардад

243
Пагоҳ, 17 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал, намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Барномаҳои ҷашнӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт аз соати 09:00 оғоз меёбанд.

Дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон менамоянд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳунармандони мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд. Зеро Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишот ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукӯҳи он башорати рӯзгори босаодат аст.

Ҳамчунин дар ин рӯз баргузории барномаҳои фарҳангию театрӣ дар назар буда, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.

Дар намоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 дар ҷумҳурӣ Иди Меҳргон чун иди миллӣ таҷлил карда мешавад. Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми имсола ба муносибати ҷашни Меҳргон зикр намуданд: «Соли ҳафтум аст, ки мо ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаем. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад».

Ҳамчунин Сарвари даалат таъкид намуданд, ки «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.

Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.

Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд».

Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Ан ин рӯ ҷашни мазкур ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар мамлакат таҷлил карда мешавад.

Меҳргон воқеан ҳам ҷашни мардумӣ буда, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то ба рӯзгори мо расидааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво