26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эммануэл Макрон дар саҳифаи Facebook таассуроташро пас аз боздиди Намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт

162
Тавре қаблан хабар додем, 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд.
Эммануэл Макрон дар саҳифаи Facebook таассуроташро пас аз боздиди Намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт
Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон пас аз боздид аз Намоиши нигораҳои Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Facebook тааассуроташро бо забони тоҷикӣ чунин баён доштааст:

«Хуш омадед ба Порис, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Хушнудам, ки имрӯз ҳамроҳ бо Шумо намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро дар Музеи миллии ҳунари Осиё, Музеи Гиме дар маркази пойтахти мо, тамошо кунам.

Ин намоишгоҳ дастоварди заҳмати чандинсолаи бостоншиносону музейгардонҳои тоҷику фаронсавӣ аст. Ман бо ифтихор ин кори муштараки ду кишвари моро табрику таҳният мегӯям.

Фаронса ва Тоҷикистон имсол 30-юмин солгарди роҳандозии равобити дипломатиро [миёни Тоҷикистон ва Фаронса] ҷашн мегиранд, ки онҳо бар эътимоду муколамаи наздик дар масъалаҳои амниятӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ асос ёфтаанд».
Эммануэл Макрон дар саҳифаи Facebook таассуроташро пас аз боздиди Намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт



Ёдовар мешавем, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар» ва скриншот аз саҳифаи facebook-и Президенти Фаронса Эммануэл Макрон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво