25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ТОҶИКИСТОН ЧОРРОҲАИ ВОҚЕИИ ТАМАДДУН АСТ». Президенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи археологии кишвари моро дар Париж чунин ҳамин гуна шарҳ дод ва онро «ҳайратангез» номид

114
Париж ва Душанбе ба наздикӣ 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд. Дар ин бора Президенти Фаронса Эммануэл Макрон зимни суханронӣ ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон пеш аз оғози музокироти сатҳи олӣ ёдовар шуд. Ба гуфтаи Президенти Фаронса, муносибатҳои ду кишвар бар «эътимоди тарафайн» асос ёфтаанд.

Эммунаэл Макрон зикр кард, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи намоишгоҳи калони бостоншиносии ҷумҳурӣ бо номи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» рост омад.

«Ин намоишгоҳи ҳайратангез дар бораи тамаддуни ҳазорсолаест, ки мо имрӯз онро дар Осорхонаи санъати шарқи Париж мекушоем»,-гуфт Президенти Фаронса. Ба зикри ӯ, «ин намоишгоҳ исбот мекунад, ки Тоҷикистон чорроҳаи воқеии тамаддун маҳсуб мешавад».

Эммануэл Макрон афзуд, ки намоишгоҳ натиҷаи кори чандсолаи бостоншиносон ва муҳофизони осорхонаҳои Фаронса ва Тоҷикистон мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво