28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шаҳри Кӯлоб 25 иншооти гуногуни фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шуд»

1058
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб баён доштанд, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба рушди фарҳанг аҳамияти калон зоҳир гардида, 25 иншооти гуногуни фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ, Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ, Боғи миллии Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, баргузор гардидани ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои мардуми Кӯлоб ва умуман, сокинони кишварамон рӯйдодҳои воқеан таърихӣ ба шумор мераванд.
«Бо мақсади самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда, таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2019» тасдиқ гардидааст, ки татбиқи 262 лоиҳаро ба маблағи умумии беш аз як миллиард сомонӣ дар бар мегирад»,- иброз доштанд Пешвои миллат ва ҳамчунон илова намуданд, ки: «Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таҳкими инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба шумор меравад».




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво