26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Шумораи махсуси маҷаллаи «Business Central Asia» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба нашр расид

144
Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон шумораи махсуси маҷаллаи «Business Central Asia» ба нашр расида, миёни хонандагони сершумори он паҳн гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар шумораи махсус мақолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва инчунин маълумот доир ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ва чорабиниҳои сиёсии байналмилалӣ, ки тайи соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардиданд, ҷой дода шудаанд.

Инчунин дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи мудирияти захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, робитаҳои дуҷониба байни кишварҳои ба ҳам бародари Тоҷикистону Ҳиндустон ҷой карда шудаанд. Фасли иқтисоду рушди маҷалла ба дастовардҳо ва имконияти соҳаҳои саноат ва саёҳати Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар бахши фарҳанги маҷалла мақола бахшида ба ҳаёту фаъолияти шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки ҷиҳати тақвияти пайвандҳои адабию фарҳангии ду кишвар саҳми бузург гузоштааст, ҷой дода шудааст.

Маҷалла бо мақолаҳо ва аксу маълумот доир ба ҷашнҳои миллӣ — Наврӯз, Сада ва Меҳргон- муаррифи фарҳанги ғании миллӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом меёбад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво