Мусобиқоти байналмилалӣ барои Ҷом: варзишгоҳ омода аст
1022
То оғози мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо, ки ин навбат дар шаҳри Ваҳдат баргузор хоҳад шуд, рӯзҳои башумор мондааст. Он рӯзи 5 октябр сурат мегирад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар кишварамон рушд карда, ба омили муҳими тансиҳатии мардум табдил ёфтааст. Махсусан, ҷавонону наврасон ба намудҳои гуногуни варзиш дилбастагии зиёд дошта, дар маҳфилҳои гуногун фаъолона ширкат меварзанд. Ҷавонони мо бо ақли расову зӯри бозувон, талошҳои пайваста, чусту чолокиашон дар муаррифии давлати тоҷикон, баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон ва таҳкими дӯстию ҳамкории халқҳову давлатҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд. Ҳамин нуктаро Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифода карда, гуфтааст: «Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстию бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманд байни халқу миллатҳо хизмат мекунад». Президенти Тоҷикистон ба рушди варзиш эътибори зиёд дода, тамоми чораҳоро меандешад, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзида, дастболо гарданд. Бо ин мақсад ҳамасола дар кишварамон даҳҳо варзишгоҳу толорҳои варзишӣ ва иншооти гуногуни солимгардонӣ бунёд карда мешаванд. Мурод аз доир сохтани мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ, аз қабили футболу баскетбол, волейболу тенниси рӯимизӣ, гӯштингирӣ, таэквандо ва амсоли инҳо низ ба варзиш ҳарчи бештар ҷалб сохтани насли ҷавон аст. Яке аз чунин сабқатҳо, ки торафт эътибору мақоми хоса пайдо мекунад, баргузор намудани Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини дзюдо мебошад. Чорабинии мазкури варзишӣ аз соли 2013 то ҳол маротибаи чорум аст, ки бо иштироки дзюдочиёни зӯртарини ҷаҳон дар кишварамон доир мегардад. Боиси сарфарозист, ки ин мусобиқаи бонуфуз имсол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад. Ба хотири дар сатҳи баланд қабул кардану пазироии шоистаи меҳмонону варзишгарон, баргузории мусобиқот мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо сарварии раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир комиссияи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои махсус таъсис дода, чанд муддат боз омодагӣ дида истодаанд. Бо ин мақсад таъмиру азнавсозии варзишгоҳ идома дорад. Чи тавре дар суҳбат бо мо муовини раиси шаҳр Сарабек Асозода иброз дошт, ба омода намудани варзишгоҳ ба сабқати байналмилалӣ барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи гӯштини дзюдо раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонӣ вобаста карда шудааст. Бригадаи бинокорони раёсат таҳти сарварии Илҳомиддин Расулов беш аз як моҳ мешавад, ки ба таъмиру тармими варзишгоҳ машғул аст. То имрӯз аллакай корҳои асосии омодагии варзишгоҳ ба анҷом расидаанд. Бинокорон барои 2850 нафар нишастгоҳҳои зебои пластикӣ насб карда, майдон бо шиору овеза ва плакатҳо зебу оро дода шудааст. Дар як канори варзишгоҳ ҳоҷатхонаи мардонаю занонаи наву замонавии бо хатти магистралии канализатсия пайваст ва дорои ҷойи оббозӣ бунёд гардид, ки алҳол сохтмончиён бо корҳои охирину сафолпӯш кардани фаршу деворҳои он машғуланд. Таъмиру тармими ҷойи либосивазкунию оббозии варзишгарон низ анҷом ёфт. Умуман дар варзишгоҳ барои беш аз панҷ ҳазор нафар тамошоби ҷой тайёр карда шудааст. Директори мактаби варзишии кӯдакону наврасони шаҳр Холмаҳмад Толибов дар суҳбат иброз дошт, ки ба ин мусобиқа варзишгарони номии чил давлати дунё даъват гардидаанд. То имрӯз бистои онҳо иштирокашонро дар ин мусобиқа иброз доштаанд. Дар он 40 нафар паҳлавонони тоҷикистонӣ ширкат меварзанд, ки ду нафари онҳо варзишгарони номии шаҳри Ваҳдат мебошанд. Инҳо Устоди варзиши Тоҷикистон Сӯҳроб Муҳаммадиев дар вазни 108 кило ва Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Аҳтам Ҳусейнов дар вазни 128 кило мебошанд. Маврид ба ёдоварист, ки имрӯз дар шаҳри Ваҳдат аз рӯи 15 намуди варзиш маҳфилҳо фаъолият мекунанд. Маҳфили дзюдо дар шаҳри Ваҳдат соли 1978 ташкил ёфта, аз ин намуди гӯштин то имрӯз се нафар унвонҳои Устоди варзиши собиқ ИҶШС, чор нафар Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалиро соҳиб гардидаанд. Аввалин Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз шаҳри Ваҳдат директори мактаби варзишии кӯдакону наврасон Холмаҳмад Толибов мебошад. Алҳол ин ҷо 600 нафар дар чор гурӯҳ–наврасон, ҷавонон, калонсолон ва собиқадорон таҳти роҳбарии 10 нафар мураббиён, амсоли устодони варзиш Пирмаҳмад Одинаев, Сӯҳроб Шоқулов, Ҷамолиддин Толибов, Убайдулло Авазов, Азамат Боронов доир ба гӯштини дзюдо тамрин мекунанд. Дар мактаби варзишӣ бошад, умуман, дар панҷ толор аз рӯи 13 намуд таҳти роҳбарии устодон машқу тамринҳо идома доранд. Ба варзишгарони тоҷик дар мусобиқот барои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аллакай ба яке аз чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ табдил ёфтааст, барору комёбиҳо таманно дорем. Амруллоҳи ЗАБИР, "Рузномаи бинокорон"
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |