26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон баргузор шуд

150
12 июл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан ҷонибҳо бар зарурати тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва энергетика, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи CASA-1000 таъкид карданд.

Ҷонибҳо инчунин ҳамкории Тоҷикистон ва Покистонро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон, ки 14 июли 2021 дар сатҳи вазирон дар Душанбе доир мешавад, иштирок хоҳад кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво