26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сокинони деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Ҷайҳун бо оби босифати ошомиданӣ таъмин мегарданд

138
Бо мақсади таъмини 300 хоҷагии деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо оби босифати ошомиданӣ ба масофаи 2-километр қубурҳои пластикӣ гузаронида шуда истодааст. Сокинони деҳа зиёда аз 20 сол мешавад, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар доираи амалӣ намудани аксияи тарғиботӣ –ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» дар самти обёрикунонии маҳаллаву деҳот роҳандозӣ гардидааст.

Дар ин амали нек, ки бо тариқи ҳашар сурат мегирад, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Муҳамадҷон Зайдуллоев, Асалмамад Бекмамадов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Куҳдоман” Батуралӣ Қурбонов, аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ ва сокинони деҳа саҳми намоён мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем» дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд.

Чанде пеш дар доираи аксияи мазкур бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва сокинон беш аз 4 километр роҳи мошингарди байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳияи Ҷайҳун мумфарш карда шуд .

Сокинони ноҳияи Ҷайҳун ҳамарӯза тариқи ҳашар ба роҳсозон кумак мерасонанд, то баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани ҷашни миллӣ саҳмгузор бошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво