29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо ташаббуси ҳизбиён зиёда аз ду километр роҳи байни деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мумфарш гардид

150
Зиёда аз ду километр роҳи байни деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мумфарш гардид.

Ин амал аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” дар ҳамбастагӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур, инчунин дастгирии соҳибкорону шахсони хайрхоҳ ва ҳимматбаланди деҳа, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб анҷом ёфт.

Дар ин бора аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни суҳбат раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдулло Давлатов, аз ҷумла гуфт, ки мо дар арафаи ҷашнвораи бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар ин давра барои расидан ба ҳадафи олӣ- рушди кишвар, яъне баланд бардоштани сатҳу сифат ва шароити зиндагии мардум бояд камари ҳиммат бандем.

-Бо ҳамин мақсад ба раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, ки дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни миллӣ ҷараён доранд, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вусъати тоза бахшида, баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода ҳамаҷониба омодагӣ мебинем, -илова кард номбурда.

Ба иттилои манбаъ, чунин созандагиҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дорад ва ҳизбиёни вилоят дар ин ҷода саҳми намоён гузошта истодаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво