26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Профессор Раҷабмад Амиров дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт

252
Имрӯз профессор, омӯзгор, номзади илмҳои педагогика, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоот, собиқ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмад Амиров аз олам даргузашт.

Раҷабмад Амиров 28 апрели соли 1954 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 1974 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм намуда, соли 1977 хидмати ҳарбиро дар сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Германия адо намудааст.

Мавсуф дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст, аз ҷумла муаллими кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии ДДСТ, аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Ленинград ба номи Н. Крупская, муаллими калони кафедраи маданӣ-маърифатӣ, декани факултети корҳои маданӣ-маърифатӣ, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ ва ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода, муовини аввали Вазири фарҳанг, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов. Аз соли 2014 ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши илм ва робитаҳои байналмилалӣ буд.

Муаллифи зиёда аз 100 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг мебошад.

Раҷабмад Амиров дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг», «Назарияи рушди фарҳанги Тоҷикистон» ва «Барномаи тарбияи эстетикии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намудааст.

Ҳамзамон вай муаллифи якчанд лоиҳаи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили фестивалҳои байналмилалии «Садои дилҳо», «Фалак», Фестивали байналмилалии мусиқӣ таҳти унвони «Садои дилрабои арғунун (соли 2017)» мебошад, ки дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ доир гардиданд.

Мавсуф намояндаи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Синои пойтахт, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Туркия, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ буд.

Раҷабмад Амиров тибқи Фаромони Президенти ҶТ бо ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи II, инчунин медалҳои «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Ассотсиатсияи байналмилалии консертии «Мин-он»-и Япония, «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ» қадрдонӣ шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво