20 ноябр 2019, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҷашни Меҳргон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд

20

27 октябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи Фестивали байналмилии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ҷашни Меҳргон ва намоиши ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштироккунандаи фестивал баргузор шуд.

Омӯзгорону донишҷӯёни донишкада меҳмонон ва намояндагони давлатҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро, ки онҳоро Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орунбекзода ҳамроҳӣ мекард, бо карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифтанд.

Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, профессор Хайриддин Усмонзода ташрифи меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки ба намоиш гузоштани намунаҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ- ин таҷассуми нақши пурҷилои ҳунарҳои мардумии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳ намунаҳои гуногуни ҳунари дасти ҳунармандон, ки бештари онҳо ҳунарҳои миллӣ- мардумӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шуда буд. Мақсад ва рисолати он зинда кардан, нигоҳ доштан ва инкишофу идома бахшидани фарҳанги гуногуншакли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

«Ман бо боварӣ метавонам гӯям, ки чунин фестивалҳо имкон медиҳанд алоқаҳои васеи инсондӯстӣ густариш ёфта, халқу миллатҳо ба ҳам наздиктар гарданд»,- гуфт Хайриддин Усмонзода.

Сипас меҳмонон ва иштирокчиёни Фестивали байналмилии «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии кишварҳои иштироккунандаи фестивал дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳ намояндагони Россия ҳунарҳои дӯзандагӣ ва зочасозиро пешниҳоди тамошобинон гардониданд. Намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо муҳра оро додани хонаи арӯсро ба тамошо гузоштанд. Гӯшаи ҳунарҳои Ҷумҳурии Қирғизистонро кулоҳу либосҳои мардумӣ зеб медод. Аз Қазоқистон сару либоси ороишиии қазоқӣ пешниҳод гардида буд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ меваю сабзавоти тару тоза пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд, ки он ифодагари ҷашни Меҳргон мебошад.

Меҳргон дар қатори ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои муқаддасу мондагори миллати куҳанбунёди тоҷик буда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Нахуст, ҷашни Меҳргон тантанаи фаровонию ҳосилот аст. Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат таъбир додаанд.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯён бо суруду тарона ва саҳнаҳои ҷолиб хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилии «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил» то 29 октябр доир гардида, меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор ва Кохи Наврӯз дидан менамоянд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво