КАСОНЕ, КИ ДАР ГИРИФТАНИ РӮЗА МАЪЗУРАНД. Андешаҳои Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мавриди баъзе фазилатҳои аҳкоми моҳи шарифи Рамазон
248
Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз гардид. Ва яке аз унсурҳои асосии моҳи шарифи Рамазон гирифтани рӯза ба сифати як рукни муҳими дини мубини ислом мебошад.
Аммо бояд гуфт, ки муқаррароти шариати исломӣ гирифтани рӯза дар моҳи Рамазонро на барои ҳама тавсия медиҳад. Чунончӣ, фиқҳи исломӣ барои як зумра инсонҳо вобаста ба ҳолати саломатӣ ва иҷтимоию равониашон дар гирифтани рӯза сабукиҳо муайян намудааст. Вобаста ба ин масъала Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ба АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин баён намуд: -Рӯза яке аз ибодатҳои пурмашаққатест, ки ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст. Аз ҷумлаи чунин узрҳои шаръӣ, ки шариат муайян намудааст, беморӣ мебошад. Беморие, ки ба сабаби рӯза гирифтан авҷ мегирад ё аз нав ба вуҷуд меояд. Шариати ислом дастур ва тавсияи табиби ҳозиқро дар ин маврид муътабар мушуморад, яъне агар мутахассиси соҳаи тиб зарари рӯзаро ба ҷисми бемор мушаххас кунад, хӯрдани рӯза дар ин ҳолат ҷоиз аст. Гурӯҳи дигаре, ки метавонанд аз гирифтани рӯза худдорӣ варзанд, мусофирон мебошанд. Тибқи қарори Шӯрои уламо, масофаи сафар 120 км аст, зеро дар мазҳаби ҳанафӣ муддати сафар се марҳала буда, як марҳала ба 40 км баробар аст. Масалан, як ронандаи автобуси мусофиркаш бо 30-40 мусофир аз марказ ба як ноҳияи дурдасттарин сафар мекунад ва масофа аз 120 километр ҳам дуртар мешавад. Дар ин ҳолат, бояд бо дарназардошти масъулият, машаққати роҳ ва солимии дигар мусофирон ин ронанда метавонад рӯза нагирад. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, занҳо дар марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҳолате, ки рӯза ба саломатии модар ва тифл таҳдид дорад, метавонанд рӯза нагиранд. Модари ширдеҳе, ки хӯроки тифлаш танҳо шири модар аст, аз гирифтани рӯза айни ҳамин имтиёзро дорад. Шахсоне, ки кори аз ҳад пурмашаққатро анҷом медиҳанд, ки натиҷаи он кор ба ризқу рӯзии дигарон алоқаманд аст (деҳқононе, ки дар саҳро кори пурмашаққат доранд), метавонанд рӯзаи худро дар дигар вақти барояшон муносиб бигиранд. Дигар ҳолате, ки тибқи талаботи шариат хӯрдани рӯза ҷоиз мебошад, ин ташнагӣ ё гуруснагие, ки хатари ҳалокат ва ё беморшавии рӯзадорро ба миён меорад, мебошад. «Шахсони пиру солхӯрда, ки гирифтани рӯза барои онҳо машаққат ва бемадорӣ меорад, бо додани фидя (тибқи қарори Шӯрои уламо 12 сомонӣ барои як рӯз) аз гирифтани рӯза озод мебошанд. Додани фидя фақат ба ҳамин гурӯҳ дахл дорад. Дар ҳолатҳои боло вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас. Аксари фақеҳони аҳли суннат ва ҷамоат муқаррар намудаанд, ки бар соҳибони амали пурмашаққат, аз қабили даравгар, нонпаз, оҳангар ва коргарони маъдан дар ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт, ки хавфи зарарро ба саломатӣ эҳсос мекунанд, хӯрдани рӯза иҷозат аст. Дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо ашхоси мазкур дар вақти муносиб рӯзаро қазо медоранд»,-тазаккур дод Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода. Хулоса, тамоми аҳкоми шаръӣ ба фитрати инсон созгор буда, ҳама ҷанбаҳои зиндагии ӯро ба мадди назар гирифтаанд ва дар анҷом додани ибодот барои ӯ осонгириҳо фароҳам овардааст, аз ин рӯ мусулмони маъзур (узрдошта) набояд ба ҷони худ ҷабр кунад. Зеро Худованд дар ояти 195-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Ва дар роҳи Худо харҷ кунед ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва некӯкорӣ кунед! Ҳамоно Худо некӯкоронро дӯст медорад”. Саидмукаррам Абдуқодирзода дар идомаи суҳбат суҳбат иброз дошт, ки далелҳое, ки дар боло зикрашон рафт ва ба хӯрдани рӯза сабаб мегарданд, дар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ дарҷ шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар шариати исломӣ дар баробари гирифтани рӯза ҳамчунин додани закот ҳам ба сифати яке аз аҳкоми панҷгона фарз мебошад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси як қарори худ нисоби закотро 25000 сомонӣ муқаррар намудааст, ки аз он 625 сомонӣ бояд закот дода шавад. Ин ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон садақаи фитрро барои имсол 6 сомонӣ сари ҳар шахс муайян намудааст. Тибқи талаботи шариат садақаи фитр бояд ба шахсони эҳтиёҷманд, аз қабили ятимону бепарасторон дода шавад. Ба андешаи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор миёни ҷомеа. “Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст”,-мегӯяд Саидмукаррам Абдуқодирзода. Гузашта аз ин, ба таъкиди Абдуқодирзода, яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Раиси Шӯрои уламо барои тақвияти ин андеша аз ҳадиси Паёмбари ислом (с) ёдовар шуд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Саидмукаррам Абдуқодирзода дар идома ба масъалаи ба таври сунъӣ баланд рафтани қимати маводи озуқа дар бозору дӯконҳо ишора намуда, таъкид дошт, ки “Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине ҳаст, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромӯш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии Ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод». «Ҳамватанони моро зарур аст, ки дар ин моҳи шариф рафтору ахлоқи нек, аз қабили муомилаи наку бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба дардмандон, ғамхориву меҳрубонӣ ба пиронсолон, ҳусни муошират бо аҳли хонадон ва наздикону пайвандон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, ҷавонмардиву олиҳимматӣ ва қадршиносиро сармашқи кори ҳамарӯзаи зиндагии худ қарор диҳанд»,-иброз дошт дар хатми суҳбат Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода. София ШОИК, АМИТ «Ховар» АКС аз АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |