Иди Фитрро дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мекунанд
613
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз дар рафти як маҷлиси уламо рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро дар Тоҷикистон эълон кард. Тавре аз Маркази исломии Шӯрои уламои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иди моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мешавад.
Намози ид, субҳи 5 июн, соати 06:00 баргузор хоҳад шуд. Ёдрас мешавем, 1 май Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози Рамазонро низ эълон карда буд. Мусалмонони Тоҷикистон аз 6 май рӯза гирифтанд ва рӯзи охирини Рамазон ба 4 июн рост меояд. Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо, имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд. Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид. Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |