26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби Ҷумҳурии Эквадор бо дипломи «Ситораи тилло» сарфароз гардонида шуд

235
Сармуҳаррири нашрияи «Ҳидоят», ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби маъмури доираи сафирони сулҳ, шоир ва нависанда Эдвин Антонио Гаон Салинас аз Ҷумҳурии Эквадор барои саҳми арзанда дар таҳким бахшидани сулҳ дар дунё тавассути шеър бо дипломи «Ситораи тилло» сарфароз гардонида шуд.
Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби Ҷумҳурии Эквадор бо дипломи «Ситораи тилло» сарфароз гардонида шуд
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дипломи мазкур бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии шеър, ки ҳамасола 21 март таҷлил мегардад, аз ҷониби ташкилоти адабию фарҳангии кишварҳои Қирғизистон, Эквадор, Африка ва Сурия барои хизматҳои Абдуқаҳҳори Қосим дар таҳким бахшидани дӯстии халқҳо ва сулҳ тавассути шеър дода шуд.
Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби Ҷумҳурии Эквадор бо дипломи «Ситораи тилло» сарфароз гардонида шуд
Абдуқаҳҳори Қосим ҳамчунин аз ҷониби Президенти Форуми байналмилалии эҷодиёт ва инсонпарварии Марокаш, Сафири фарҳанги сулҳ Азиз Мунтассир ва Сафири фарҳанги Мексика, директори шабакаи арабӣ дар Марокаш ва мушовири фарҳанги Форуми фарҳангии Миср ва Лубнон Марлен Пасинӣ бо сертификат ва аз ҷониби Сафири байналхалқии форуми байналмилалии сулҳ ва ҳуқуқҳои инсон Ловелин П Ейо ва Президенти академияи Эхо Сурия ва Федератсияи фарҳанги Димишқ-Сурия, нависанда ва ҳомии ҳуқуқ Гада Бадран бо шаҳодатномаи миннатдорӣ қадрдонӣ гардид.

Дар яке аз табрикот чунин омадааст: «Академияи фарҳанги муҳаббат ва сулҳ Эхо-и Димишқи Сурия барои фаъолияти пайгирона дар ғанӣ гардонидани фазои адабию фарҳангӣ ва баланд бардоштани парчами муҳаббат ва сулҳ изҳори сипос намуда, шуморо бо шаҳодатномаи миннатдорӣ ва эҳтиром қадрдонӣ менамояд».

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, франсузӣ, немисӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Россия, Америка, Непал, Чин, Руминия, Полша, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво