27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати Қазоқистон мулоқот намуд

154
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр мулоқот намуд.

Ҷонибҳо аснои мулоқот масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки новобаста аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2020 909,8 миллион доллари америкоиро ташкил намуд. Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар ҳаҷми 152,2 миллион доллар ва аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 757,5 миллион доллар молу маҳсулот содирот карда шудааст. Зикр гардид, ки новобаста аз натиҷаҳои ба дастомада то ҳол имконият байни ду кишвари дӯст пурра истифода нашудаанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот иброз доштанд, ки ҳамгироӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи сиёсати муваффақонаи сарони ҳарду давлат тақвият ёфта, минбаъд низ имконот мақсаднок истифода бурда хоҳанд шуд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво