27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фиристодаи махсуси вазири корҳои хориҷии Қатар мулоқот намуд

435
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фиристодаи махсуси вазири корҳои хориҷии Қатар Мутлақ бин Моҷид ал-Қаҳтонӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мутлақ бин Моҷид ал-Қаҳтонӣ таъкид намуд, ки баргузории чорабиниҳои гуногуни минтақавию байналмиллалӣ бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, хусусан гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” бори дигар собит менамояд, ки Тоҷикистон ҳам дар минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби аср нақши фаъол дорад.

Дар идома ҷонибҳо дар мулоқот доир ба муҳимияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкор намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво