26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар 8 соли охир дар Тоҷикистон 1,6 миллион ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд

218
Дар муддати татбиқи «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020» давоми ҳашт соли охир дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» 26 феврал хабар дод.

Бино ба гуфти Ширин Амонзода, дар ин давра бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Ҳамзамон бо ин, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар доираи барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба таври ройгон 156,9 ҳазор шаҳрванди бекор ба тайёрии касбӣ ҷалб шуда, ба 36,4 ҳазор нафар барои роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми зиёда аз 12 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.

Дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт.

Вазир ҳамчунин гуфт, ки танҳо соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020 нисбат ба соли 2019-ум 3,7 фоиз афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво