Дар Левакант коргоҳи истеҳсолӣ, фабрикаи мурғпарварӣ, ҳавзи моҳипарварӣ ва сардхона ба истифода дода мешаванд
363
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант коргоҳи истеҳсолии «Оби ҷав», фабрикаи мурғпарварӣ дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳр, ҳавзи моҳипарварӣ ва сардхона барои нигоҳдории 500 тонна меваю сабзавот ба истифода дода мешавад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, коргоҳи истеҳсолии «Оби ҷав» аз ҷониби Кооператсияи «Салтанат» бунёд гардида истодааст. Коргоҳ бо истифода аз таҷҳизоти немисӣ бо ҷалби мутахассисони Россия сохта мешавад. Дар назар аст, ки он дар кӯтоҳтарин фурсат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи оби ҷав дар як шабонарӯз 15 ҳазор тонна буда, барои истеҳсоли он маҳсулоти маҳаллӣ истифода мешавад. Кооператсияи «Салтанат» дар баробари ин коргоҳи афшурабарорӣ, обҳои ташнагишикан ва меваи хушк низ ба истифода медиҳад, ки сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Ҳоло дар ин коргоҳи саноатӣ корҳои васли таҷҳизоти аз хориҷи кишвар воридгардида ва насби болопӯш ҷараён доранд. Дар деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ҷараён дорад. Фабрика барои парвариши 50 ҳазор мурғ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоти муосир таъмин аст. Кишоварзони шаҳри Левакант аз имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат барои моҳипарварон самаранок истифода намуда ҳавзи моҳипарвариро дар масоҳати 12 гектар бунёд намуда истодаанд. Айни замон дар 4 ҳавзи нигоҳдории моҳӣ то 40 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад. Инчунин дар шоҳроҳи Левакант – Бохтар барои нигоҳдории 500 тонна меваю сабзавот сардхона бунёд гардидааст, ки дар ошёнаи дуюми он коргоҳи дӯзандагӣ ташкил мешавад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |